Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАЪРИФИ ШАРОБ КУНАД

Ғизои рӯҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ.
Ки лавниӯ кунад аз лавни даври гул ровақ.

Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,
Ба назди мубтил ботил, ба назди доно ҳақ.

Ҳалол гашта ба аҳкоми ақл бар доно,
Ҳаром гашта ба фатвои шаръ бар аҳмақ.

Ба ранг занг зудояд зи ҷони андуҳгин,
Ҳумой гардад, агар ҷуръае биёбад бақ!

ШАРОБ ХОҲАД

Эй хоҷаи мубораки бар бандагон шафиқ,
Фарёд рас, ки хуни раҳӣ рехт ҷосалиқ,

Лахте зи хуни баччаи токам фирист аз он-к
Ҳам бӯи мушк дораду ҳам гунаи ақиқ,

То мо ба ёди хоҷа дигар бор пур кунем 8910 Аз бода хуни акҳалу кифолу босилиқ!

ДАР ҲИҶО

На Наҷиб аз пайи оншуд ба фалак-бар, к-ӯро
Ҳиммате буд, ки он мешуду ӯ бар фитрок

В-ин ки дар хок фитодаст кунун ҳам, з-он нест,
Ки газофест зи даврону баде аз афлок.

Фалак аз дур ҳамедидаш, кай донист ӯ,
Ки на бо сурати хуб асту на бо сирати пок,

Ровақ – соф, холис.
Лавн – ранг.
Матое ё бари ҷома, ки бо он шароб соф мекарданд.
Мубтил – ноҳақ.
Битил – нодаркор, беҳуда.
Бақ – магас.
Ҷосалиқ – Пешвои мазҳабии исавиён..
Акҳал – раги миёнаи даст.
Кифол – ба маънои оби даҳон аз асари маззаи чизе.
Босилиқ – шаҳраги даст, ки аз он хун мегиранд.

пешина
аз 328
навбатӣ