Мунтахаби девон

Ба Худое, ки кард гардунро
Кулбаи қудрати илоҳии хеш,
Ки надидам зи кордории хеш
Ҳеҷ суде, магар табоҳии хеш!
АМИР ШУҶОИИ ШОИР ДАР ҚАДҲИ АНВАРӢ ГУФТА
Ҳар балое, к-аз осмон ояд,
Гарчи бар дигаре қазо бошад,
Бар замин норасида мегӯяд:
Хонаи Анварӣ куҷо бошад?!
ҲАКИМ ДАР ҶАВОБИ ШУҶОӢ ГӮЯД
Эй Шуҷоӣ, к-аз ту баддилтар надидам дар ҷаҳон,
Тират аз таркаш бурун н-ояд магар аз бими хеш.
Гар ба иқлиме дигар тире зи таркаш баркашанд,
Хафта гардӣ чун камон аз бим дар иқлими хеш.
Он барад зарри туро, к-ӯ аз ту зар берун кунад
В-он хӯрад сими туро, к-ӯ дар ту резад сими хеш!
ДАР МАЗАММАТИ ШУАРО
Одати тарҳи шеър оварданд
Қавме аз ҳирсу бухли гандаи хеш;
Номи ҳикмат ҳамениҳанд он гоҳ
Бар хурофоти жожи жандаи хеш.
Гургу ҳарроз ин лаъимонанд,
Ҳама дӯзандаю дарандаи хеш.
Анварӣ, пас ту низ ёд овар
Тирагиҳои заҳрхандаи хеш,
Қадҳ – мазаммат.
Таркаш – тирдон.
Хафта – қат, хамида.
Жож – беҳуда, ёва.
Жанда – ҷанда, либоси фарсуда.
Ҳарроз – чарминадӯз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо