Мунтахаби девон

Беҳтар аст аз савол кардану тамъ
В-истодан ба пеши марди хасис!
ДАР НАСИҲАТИ НАФС
Анварӣ, баҳри қабули омма чанд аз нангу шеър?
Роҳи ҳикмат рав,қабули омма, гӯ, ҳаргиз мабош!
Рафт ҳангоми ғазал гуфтан, дигар сардӣ макун,
Ровиёнро гармии ҳангома, гӯ, ҳаргиз мабош!
Тоҷи ҳикмат бо либоси офият бошад, бипӯш,
Ҷон чу комил шуд, тирози ҷома, гӯ, ҳаргиз мабош!
Дар камоли Бӯалӣ нуқсони Фирдавсӣ нигар,
Ҳар куҷо омад «Шифо»,«Шаҳнома», гӯ,ҳаргиз мабош!
То кай аз ташбеҳи теғу хома ҳомӣ боядат?
Тири Баҳромӣ ту, теғу хома, гӯ,ҳаргиз мабош!
Орзу худком зода-сту қаноат хушманиш,
Боди ӯ шав, ком аз худкома, гӯ, ҳаргиз мабош!
Шаби сиёҳ ба торикӣ ар нишинам, беҳ,
Ки аз чароғи лаъимон ба ман расад тобиш.
Ҷигар бар оташи ҳирмон кабоб авлотар,
Ки аз сиқояи дунон кунанд серобаш!
МУТОИБА БА МАҲБУБ КУНАД
Шеърам ба ҳама ҷаҳон расидаст
Монанди кабӯтарони муръаш.
Шӯх он бошад, ки вақти посух
Моро бидиҳад ҷавоби нохуш.
Шаккар зи лабаш чу хостам, гуфт:
«Бигзар зи сари ҳадис, зар каш!».
Тирози ҷома – ҷомаи зебо, пурнақшунигор.
Ҳирмон – маҳрумӣ, бебаҳрагӣ.
Сиқояи дун – обдони хасис.
Муръаш – навъе кабӯтар, ки баланду дур мепарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо