Мунтахаби девон

Ё фоида деҳ, ончи бидонӣ, дигареро,
Ё фоида гир, он надонӣ, зи дигар кас.
ДАР МАДЕҲ
Эй Худованде, ки камтар банда дар фармони ту
Осмони аблақ асту рӯзгори обнӯс,
Гашта қадратро сари гардуни гардон поймол,
Карда дастатро лаби хуршеди рахшон дастбӯс.
Хоки Тӯс аз наъли якрони ту бошад пурҳилол,
Осмон ҳар соате гӯяд, ки «Оваҳ, эй фусӯс,
Кошки, дар ибтидои офариниш Кирдгор
Бандаро фармуда будӣ, то ки бӯсад хоки Тӯс!»
Сари зулфат ба ҷуз дасти ту ҳайф аст,
Лаби лаълат ба бӯси ҷуз ту афсӯс,
Сари зулфи ту боре ҳам ту мекаш,
Лаби лаъли ту боре ҳам ту мебӯс!
ДАР ҲАҶВИ САЛОҲ СОЛЕҲӢ
Ту дар қавводагӣ, эй сурх кофир,
Тавонӣ, гар кунӣ таснифу тадрис;
Агар Ҳаввою Одам зинда гарданд,
Ба макру ҳилату дастону талбис
Бигардонӣ дили Ҳавво зи Одам,
Кунӣ дарсоаташ ошиқ ба Иблис!
ДАР ХОРИИ ТАМАЪ
Будан андар азоб чун Ҷирҷис,
Ё шудан дар ҷаҳим чун Иблис
Аблақ – дуранг, ало, сиёҳу сафед.
Обнӯс – дарахтест сиёҳу гарон. Дар ин ҷо – ба маънии сиёҳ.
Якрон – аспи хушзот.
Қавводагӣ – даллагӣ.
Дарсоат – ҳамоно, зуд, бетаъхир.
Ҷирҷис – пайғамбаре, ки бо сад азоб мекуштаандаш, вале ӯ боз зинда шудаву дини худро тарғиб мекардааст.
Иблис – шайтон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо