Мунтахаби девон

Медон, ки сокинони фалак сер гаштаанд
Аз мутрибии Зуҳра бад-ин чархи гандапир,
Хоҳишгарӣ ба назди Камолуззамон шуданд,
К-ӯ буд дар замона дар ин илм беназир,
Гуфтанд: Зуҳраро зи фалак дур кардаем,
Эй рашки ҷони Зуҳра, биё, ҷои ӯ бигир!
Асари хашмаш аз нӯш падид орад неш,
Назари лутфаш аз сир бурун орад шир;
Аз яке ду кунад, он гаҳ ки ба каф гирад теғ,
В-аз дуе як кунад, он гаҳ ки биандозад тир.
МУТОИБА
Озурда рафт, моно, Тоҷуззамон зи мо,
Зеро ки вақти рафтан «рафтам» нагуфт низ,
Исрор аз ӯ тамаъ натавон дошт, шарт нест,
Лафзаш дур асту марди ҳаким асту дур азиз!
Чаҳор чиз ҳамехоҳам аз Худой туро,
Бигӯям, ар ту бигӯӣ, ки он чаҳор чи чиз? –
Ба пот-андар хору ба даст-андар мор,
Ба риш-т-андар ҳору ба сиблат-андар тиз.
ДАР ҲИҶО
Дӣ аз касони хоҷа бикардам яке савол,
Гуфтам: «Ба хони хоҷа нишинанд чанд кас?»
Гуфто: «Ба хони хоҷа нишинад ду кас мудом –
Аз меҳтарон фариштаю аз кеҳтарон магас!»
Хоҳӣ, ки беҳин кори ҷаҳон кори ту бошад, 3-ин ҳар ду яке кор кун, аз хар чи кунӣ бас:
Ҳор – дар ин ҷо ба маънои саргин.
Тиз – боди ақиб, гуз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо