Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷон, ки дилаш сер нагардад зи тан,
Мурғу қафас нест, ки мурда-сту гӯр!

Хашм чу дандон бизанад ҳамчу мор,
Ҳирс чу дона бикашад ҳамчу мӯр.

Тира тавон дод малакро ба қадр,
Сухра тавон кард фалакро ба зӯр.

Чашмаи хуршед шав аз эътидол,
То бираҳӣ аз қасабу аз самур.

Хок ба шаҳват масипар чун сипеҳр,
То на занат ғутфура гирад, на пур.

Бӯ, ки гиребон-т бигирад хирад,
Худ кӣ гирифтаст гиребони ур?

Гир, ки гетӣ ҳама чанг асту ной,
Гир, ки гардун ҳама моҳ асту хур,

Табъи туро з-он чи, ки гӯшест кар,
Нафси туро з-он чи, ки чашмест кӯр!

МУТОИБА

Ҳар кас, ки ҷигар хӯрду ба хӯрдӣ ҳунар омӯхт,
Дар даври қамар, гӯ, бинишин, хуни ҷигар хӯр!

Наздики касоне, ки ба сурат чу касеанд,
Бо сурати эшон нафасе мезану бар хӯр.

Пайғоми занон мебару дебои базар пӯш,
Ё масхарагӣ мекуну ҳалвои шакар хӯр!

ДАР МАРСИЯ

Ҳаргиз гумон мабар, ки Камолуззамон бимурд,
К-ӯ рӯҳи маҳз буд, на ҷисми фанопазир.

Қасаб – матои нафис; самур – ҳайвоне рӯбоҳмонанд, ки аз пӯсташ пӯстин медӯзанд.
Ғутфура – мазоҳ.
Пур – писар.
Ҷигар хӯрдан – азоб кашидан.
Бар хӯр – манфиат бигир.

пешина
аз 328
навбатӣ