Мунтахаби девон

Худ ҷаҳони хариф надорад хайр,
То ки ҳаст аз вуҷуди хайр хабар.
То надорӣ умеди хайр, ки нест
Ҳомили зикри ӯ қазову қадар.
Чист анқо ба ҳар ду олам – хайр,
Ки аз ӯ ном ҳасту нест асар!
Эй дил, аз кори хеш ҳеҷ маранҷ,
Нест кори дигар ба ранги дигар.
Нақду нася чу ҳафдаҳу ҳажда-ст,
Бал ду панҷ асту даҳ-на беҳ, на батар!
НУКТАИ ПИСАНДИДА
Бода хӯрдан ба сотгине-дар
Аз ҳунар нест, балки ҳаст хатар.
Хуфтану рафтан аст ҳосили ӯ
В-аз хатарҳои маҷлис ин-т батар.
Кардани қазфу кина ҷустани меҳр,
Гуфтани носавобу ҷустани шар.
Ҳар ки ӯ хӯрд сотгине з-он,
Чун чунин чизҳо набандад бар?
Чун ҳама ранҷ ҳасту роҳат не,
Мардумӣ кун, маро бидеҳ, ту махӯр!
ДАР НАСИҲАТ
Ҳар ки тавонад, ки фаришта шавад,
Хира чаро бошад деву сутур?
То накунӣ, эй писари нохалаф,
Мулки падар дар сари ширину шӯр.
Чист ҷаҳон -қаъри танӯре асир,
Худ чи тафарруҷ бувад андар танӯр?!
Хариф – фартути камақл.
Сотгине-дар – дар пиёлае.
Бар – самар, ҳосил.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо