Мунтахаби девон

Лутфе намо, ки даст ба роҳи қабои ту
Сӯрохҳо ба ҳар тарафе чашми интизор!
Бо хори қаноат ар бисозӣ як бор,
Аз ҳар қадаме бирӯядат сад гулзор.
Бо хоркашон нишин, ки андар ду-се рӯз
Садбарг бисохт гул зи як дастаи хор!
Озода гар карим наёбад, варо чи айб,
Гар зӣ хасистабъ гарояд ба изтирор.
Сӯи сагон гарояд аз баҳри қутро
Шере, ки гӯру ғурм наёбад ба марғзор!
Ману се шоиру шаш дарзию чаҳор дабир
Асиру хор бимондем дар кафи ду савор.
Дабиру дарзию шоир чи гуна ҷанг кунанд,
Агарчи чорда бошанду гар чаҳор ҳазор?!
Бо яке маззоҳу ду хунёгару сето ҳариф
Дӯш наздики ман омад он накӯ вақти саҳар,
Пешаш овардам шароби лаъл чун чашми хӯрус,
Наздаш овардам камарбанди мурассаъ аз гуҳар.
Он ҳарифону надимонаш ба ман карданд рӯй,
К-эй балоғатро балоғу в-эй басоратро басар,
Чун даҳон набвад мар-ӯро, дар куҷо резад шароб?!
Чун миён набвад мар-ӯро, дар куҷо бандад камар?!
Даҳру афлоку анҷуму аркон
Ҳама шарранд, агар на мояи шар.
Гӯр – гӯрхар, хари ёбоӣ.
Ғурм – гӯспанди кӯҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо