Мунтахаби девон

Аз хабарҳои сарири осмон гӯшат чи ёфт
В-аз хатарҳои сипеҳрӣ дидаи серат чи дид?
Андарон вақте ки олам ҷумла аспон доштанд,
Маҷлиси шайхушшуюхӣ сабзаҳо чун мечарид?
Ҳоли Одам гӯю Нӯҳу қиссаи забҳи Халил,
Ноқаи Солеҳ чи буду Рахши Рустам чун давид?
Шаҳсавори сирри Асро дар шабе ҳафт осмон
Бар Буроқи тезтак раҳ чун бипаймуду давид?
Байъати Бӯбакру он фазли «ақилунӣ» чи буд?
Маслиҳатдиди Алӣ в-он фитнаҳо чун хобанид?
Ҳайдари Каррор ҳарби Амру Антар чун шикаст?
Рустами Дастон сафи гурдони лашкар чун дарид?»
Асп андар хашм шуд, алҳақ, надонӣ, то чи гуфт,
Пушти даст аз ғабни ман он ҷо ба дандон мегазид,
Гуфт:«Эй астағфуруллаҳ, ин савол аз чун мане?
Ваҳ-ваҳ ин ишкол бин, к-ин бар сари ман оварид!»
Гуфтамаш:«Аспо, қадимо, хар наӣ, охир, бигӯй,
То муборак мақдамат дар даври олам кай расид?»
Гуфт:«Ту бисёр мондӣ! Ҳеҷ медонӣ, кадом? –
Он нахустин ҷонвар,к-Эзид таоло офарид!»
ҚАБО АЗ БУЗУРГЕ ХОСТА
Эй бар қади ту рост қабои сахою ҷуд,
Ҳарфест дар либос маро бо ту, гӯш дор!
Дар тан марост куҳнақабое, ки порааш
Дорад зи бахякории Идрис ёдгор.
Одам ба дасти ҷуди худаш пунба кошта,
Ҳавво ба саъйи дӯки худаш ришта пуду тор.
Сӯрохҳои ӯ кунадам воми ришханд,
Аз ҳар тараф, ки пеши гурӯҳе кунам гузор.
Тибқи ривоят Идрис-пайғамбар либосро ҷорӣ кардааст; ишора ба ҷандагӣ ва куҳнагии либосаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо