Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нур бар ҷирми офтоб фусурд,
Хай зи андоми осмон бичакид.

ДАР МАЗАММАТИ АҲЛИ БОЗОР

Рӯзе писаре бо падари хеш чунин гуфт,
К-«Он мардаки бозорӣ аз он зард чи ҷӯяд?»

Гуфто: «Чи тафаҳҳус кунӣ аҳволи гурӯҳе,
К-аз ганди тамаъ-шон саги сайёд набӯяд.

Оқил ба чунон тоифаи дун нагарояд,
Мардум ба суи мазбалаю ҷифа напӯяд.

Бозор яке мазрааи тухми фасод аст, 3-он тухм дар он хок чи пошӣ, ки чи рӯяд!

Уммед макун ростӣ аз пушти бунафша,
То рӯи ту чун лола ба хуноба нашӯяд.

Қавле набувад росттар аз қавли шаҳодат, 3-он дар ҳама бозор яке рост нагӯяд!»


Агар Анварӣ хоҳад аз рӯзгор,
Ки як лаҳза бе «зо»-и «заҳмат» зияд,

Магасро падид оварад рӯзгор,
Ки то бар сари «ро»-и «раҳмат» рияд!

АСПИ ПИРЕРО МАЗАММАТ КУНАД

Хусраво, з-истабли маъмурат, ки он маъмур бод,
Комвар аъмори аспон шайх Абӯомир расид.

Маркаби маймун, адомаллоҳ тавфиқуҳ, ки ҳаст
Ёдгори Нӯҳ пайғамбар, ки дар киштӣ кашид!

Гуфтам: «Эй пири муборак, хайрамақдам, марҳабо,
Қиссаи он гӯ, ки гӯшу чашми ту диду шунид!

Хай – арақи бадан.
Ганд – гандида, бӯи бад.
Мазбала – наҷосатгоҳ.
Ҷифа – ҳайвони мурда.
Аъмор – умрҳо.

пешина
аз 328
навбатӣ