Мунтахаби девон

ДАР МАРСИЯ
Дар марсияи Муайядуддин
Ҳар кас асаре ҳаменамояд.
Гуфтам, ки ташаббуҳе кунам низ,
Бошад, ки тасаллие физояд.
Лекин пас аз он ҷаҳони маънӣ
Худ табъ сухан ҳаменазояд.
Бо ин ҳама шарҳи ҳол шарт аст,
Шарте на, ки табъ ҳарза лояд.
Дар ҷавфи сипеҳр тангдил буд,
Анқо ба қафас дарун наояд.
Мегуфт: «Куҷост боди фазле
К-ам з-ин сари хок даррабояд!»
Яздон, ки гиреҳкушои фазлаш
Банди қадару қазо кушояд,
Бишнид, ба истимои лоиқ,
Ҷуз он ки чун ончунон нашояд,
Лутфаш ба рисолати аҷал гуфт:
«К-ин зубдаи сунъ ме чи бояд?
Бар шохи мизоҷ булбули ҷон-т
То чанд навои ғам сарояд?
Гар мухтасар аст олами кавн,
Ройи ту бад-ӯ намегарояд.
Бихром, ки сакнаи дигар ҳаст,
То он дигарат чи гуна ояд!»
Ташаббуҳ – пайравӣ.
Лоидан – лақидан.
Ҷавф – холигоҳ.
Сакна – бошишгоҳ.
Соҳибо, сақтаи мубораки ту
На зи осеби ҳодисот расид,
Дӯш ин воқеа чу ҳодис шуд
Мунҳие з-осмон ба банда давид,
Моҷарое аз он ҳикоят кард,
Банда баргӯядат чунон, ки шунид.
Гуфт: «Дӣ хоҷаи ҷаҳон зи чаман
Ногаҳоне чу сӯи қаср чамид,
Магар андар миёни он ҳаракат
Чини доман зи хоки раҳ барчид,
Хок дар пояш уфтоду ба дард
Рӯй дар кафши ӯ ҳамемолид,
Яъне, аз банда дармакаш доман…
Осмон инбисоти хок бидид,
Ғайрати ғайр бурд бар пояш,
Қуввати ғайраташ чу дарҷунбид,
Рух туруш карду остин барзад,
Силие хасмвор бозкашид.
Хоки мискин зи бими силии ӯ
Музтариб гашту ҷирм дардуздид.
Пои маймун-ш аз тазалзули хок
Магар аз ҷои хештан бихазид,
Ҳам аз ин буд он ки вақти саҳар
Дӯш гесӯи шаб зи бун бибурид.
Ҳам аз ин буд он ки з-аввали рӯз
Субҳ бар хештан қабо бидарид.
Ёрабаш ҳеҷ талхие мачашон,
Ки аз ин саҳл шарбате кӣ чашид.
Сақта – лағзидан, афтодан.
Мунҳӣ – хабаррасон.
Инбисот – шодмонӣ, хушҳолӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо