Мунтахаби девон

Эй ниёз аз майи сахои ту маст,
Бо туам кай ба кас ниёз ояд!
Машрабе додиям, ки шурбати он
Ғам бикоҳад, тараб бияфзояд.
Аз латофат чунон, ки ҷуз ба араз
Ҷавҳараш сӯи сифл нагрояд.
Зилли ӯ бар замин набинад кас, 3-он ки ӯ чун даво бинанмояд.
Бо манат чун хирад бидид, чи гуфт,
Гуфт: «Чун ту туро кӣ бистояд?»
Чун ба шаклат нигаҳ кунам, гӯям:
Кас ба гил офтоб андояд?
Гар ба ҷирмат нигаҳ кунам, гӯям:
Кас ба газ моҳтоб паймояд?
То дар он машраб он бувад шурбат,
Ки зи дил ранги ранҷ биздояд,
Бод бар дасти ту майе, ки ба акс
Ранги рухсори лола бирбояд.
Сирфу полудае чунон, ки ба лутф 3-обгина чу зав биполояд.
Ройу фармон-т бар замона равон,
То хирад ройи бад нафармояд!
Ҷомаи умри ту нафарсуда,
То қазо осмон нафарсояд.
Суханорои мадҳи ту чу хирад,
То суханро хирад биёрояд.
Эй ба ҷоҳи ту ҷони мо хуррам,
Рӯҳро роҳи ту ҳамебояд.
Ҷом аз баҳри май ҳамебоист,
Ҷисм аз баҳри ҷон ҳамебояд!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо