Мунтахаби девон

Дари умрам фалак ба дасти аҷал
Мебитарсам, ки гил барандояд.
Чи кунам, то бало карона кунад,
Ё маро аз миёна бирбояд?!
МАХДУМ БА ҲАКИМ ҶОМИ ШАРОБЕ БАХШИДА,
ДАР ШУКРИ ОН ВА ТАЛАБИ ШАРОБ ГӮЯД
Эй ба ҷуду ба қадр бар зи фалак,
Гар суҷудат барад фалак, шояд!
Дасти ҷудат ҷаҳон ҳамебахшад,
Пои қадрат фалак ҳамесояд.
Фалакат пушти пой аз он бӯсад,
Ҳосидат пушти даст аз ин хояд.
Ҳимматат аз сари улувву сумувв
Ба ҷаҳон даст менаолояд.
Ахтарат аз пайи сууду шараф
Ба фалак-бар ҳаме наосояд.
Шибҳи ту чарх ҳам туро орад.
Мисли ту даҳр ҳам туро зояд.
Ҳар киро дар дил аз ҳавои ту меҳр,
Бо дилаш чарх роз бикшояд.
Ҳар киро бар тан аз қабули ту ҳирз,
Аламаш чун шифо бинагрояд.
Душманат душмани худ аст чунон,
Ки бар ӯ зоти ӯ набахшояд.
Ханҷари кини ӯ чӣ пироӣ,
Худ забонаш сараш бипирояд!
Улувву сумувв – бартариву азамат.
Шибҳ – шабеҳ, монанд.
Ҳирз – бозӯбанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо