Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин надонам, чи гӯямат, чу фалак
Поям аз банд бознакшояд.

Бо сару рӯю риши ту чи кунам,
Раҳмати ту кунун ҳамебояд.

Коҳинам пушти пой медӯзад
В-офатам пушти даст мехояд.

Ин ду байтак агарчи тибат рафт
То дигар сурате-т нанмояд,

Тар бад-ин хушдилию озодӣ
Худ дилам узрҳо-т фармояд,

Варна боз андар остинам неҳ,
Гар даме доманат биёлояд.

Ҷидди беҳазл зиракон гӯянд,
Ҷон бикоҳад, малолат афзояд.

Таънаи душманон газоянда-ст,
Тибати дӯстон бинагзояд.

Пӯстинам макан, ки аз ғаму дард
Фалакам пӯст мебипирояд.

Осиёи сипеҳр дур аз ту
Ҳар шабам устухон ҳамесояд.

Акси ашку рухам чу субҳу шафақ
Сақфи гардун ҳамебиёрояд.

Нолаҳое кунам чунон ки ба меҳр,
Санг бар ҳоли ман бибахшояд.

Дастам акнун ҷуз он надорад кор,
К-аз рухам ранги ашк биздояд.

Кайлиғам шуд дилам, ки чарх бад-ӯ
Умрҳо шодие напаймояд.

Тибат – шӯхӣ.
Кайл – паймона.

пешина
аз 328
навбатӣ