Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҲУЗУРИ ДӮСТЕРО ХОҲАД

Ҷоест нишаста чокари ту,
Ҷое, ки дар ӯ тараб фазояд.

Бо мутрибаи чу моҳи тобон
Чанги тару хуш ҳамесарояд.

Асбоби нишот ҷумла дорем,
Ҷуз талъати ту, ки мебибояд.

Дархост ҳамекунем:ҳарду
Ташриф диҳад, сабук биёяд!

ҲАКИМ РАНҶУР БУД ВА ДӮСТЕ ӮРО АЁДАТ НАКАРД,
ДАР ШИКОЯТУ ТАЛАБИ ҲУЗУРИ Ӯ ГӮЯД

Эй бадеъуззамон, биёву бубин,
Ки зи бидъат замон чи мезояд.

Дӯстонро ба ранҷ бигзорӣ,
То фалакшон ба ғам бифарсояд.

Ман бад-ин дӯстӣ шудам розӣ,
Ки туро инчунин ҳамебояд.

Гарчи дар меҳнате фитодастам,
Ки дил аз дида мебиполояд,

Ба сари ту, ки ҳеҷ лаҳза дилам
Аз тақозои ту наосояд.

Ба дарам ҳар ки даст бозниҳад,
Гӯям, ин бор ӯ ҳамеояд!

Ту зи ман фориғу дилам шабу рӯз
Чашм бар дар туро ҳамепояд!

Худ беҳ аз ақл ҳеҷ муфтӣ нест, 3-он ки ӯ ҷуз ба адл нагрояд.

Қисса бо ӯ бигӯй, то-т бар ин
Бинакӯҳад, агар-т настояд.

То-т – то туро.
Агар-т – агарат, агар туро.

пешина
аз 328
навбатӣ