Мунтахаби девон

ДАР НАКӮҲИШИ РӮЗГОР
Якчанд рӯзгор, на аз роҳи макрамат,
Бар мо даре зи неъмати гетӣ кушода буд,
Чун чизи андаке ба ҳам афтод, бозбурд,
Гуфтӣ, ки назди мо ба амонат ниҳода буд
В-имрӯз ҳар ки гӯядам: «Он ним сарвате,
К-аз модари замона батадриҷ зода буд,
Чун бо ту нест?», гӯямаш: «Он бозхост зуд
Гӯӣ, диҳанда аз сари ҷуде надода буд,
Гардун чу саг ба фазлаи худ бозгашт кард.
Бечора ӯ, ки кораш бо ин фитода буд!»
Касеро, ки бадмаст бошад, қафо
Чунон кун ба силӣ, ки нилӣ бувад,
Ки пирони ҳушёрдил гуфтаанд,
Ки дармони бадмаст силӣ бувад!
Ҳар ки зӣ хештан гарон ояд,
Ба бари дигарон гарон набувад.
В-он ки гӯяд ки «Ман сабукрӯҳам!», 3-ӯ гаронтар дар ин ҷаҳон набувад!
Аз сабукрӯҳ роҳат афзояд
В-аз гарон ҷуз фасоди ҷон набувад!
БАРОИ ДАРОМАДАН ИҶОЗАТ ХОҲАД
Эй Худованде, ки аз айём, агар хоҳӣ, биёбӣ,
Ҷуз назири хеш дигар ҳар чи-т аз хотир барояд,
Бод агар хоки суми аспат ба дӯзах барфишонад,
То абад аз оташи ӯ феъли оби Кавсар ояд.
Камтарини бандагонат Анварӣ бар дар бапой аст,
Чун ҳаводис бозгардад ё чу иқбол андарояд?
Чи-т – чиат, чизе, ки туро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо