Мунтахаби девон

ДАР ҲИҶО
Туро ҳиҷо накунад Анварӣ, маозаллаҳ,
На ӯ, ки аз шуаро кас туро ҳиҷо накунад!
На аз бузургии ту, з-он ки аз маойиби ту,
Чи ҷои ҳаҷв, ки андеша ҳам киро накунад!
ТАЛАБИ ШАРОБ КУНАД
Эй бузурге, ки килку ҳиммати ту
Рӯи уммедро чу лола кунанд,
Аз як эҳсони ту шикастадилон
Ҷабри касри ҳазорсола кунанд,
Ба намози дари ту менигаранд
Он касон, к-аз ниёз нола кунанд,
Каҳт фармуда қалтабоне чанд,
Ки хареро ба як навола кунанд.
Дар вусоқиман омаданд имрӯз,
То балоро ба ман ҳавола кунанд,
Дафъи эшон наметавонам кард
Ҷуз ба чизе, ки дар пиёла кунанд!
ДАР НАКӮҲИШИ ФАЛАК
Осмон он бахили бадфеъл аст,
Ки аз ӯ ҷуз ки феъли бад наҷаҳад,
Нону обаш махӯр, ки ҳар ки хӯрад,
Ҳаргиз аз дасти ӯ ба ҷон нараҳад.
Хок аз ӯ беҳ, ки гар касе ба масал
Муштаке ҷав ба назди ӯ биниҳад,
Чун каримон аз ӯ қабул кунад,
Пас ба ҳар дона бист боздиҳад!
Маойиб – айбҳо, гуноҳҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо