Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МАМДӮҲ БАРОИ ҲАКИМ ХИЛЪАТЕ
ФИРИСТОДА, ДАР ШУКРИ ОН ГӮЯД

Эй Худованде, ки аз дарёи дастат рӯзгор
Ози муфлисро чу кон то ҷовидон Қорун кунад.

Гар самуми каҳри ту бар баҳру кон ёбад гузар,
Дурри ин беҷодаю беҷодаи он хун кунад

В-ар насими лутфи ту бар оташи дӯзах вазад,
Шуълаи ӯ феъли оби Даҷлаю Ҷайҳун кунад.

Килки ту мизони ҳашр омад, ки дар бозори мулк
Зишту хуб аз ҳам ҷудою хайру шар мавзун кунад.

Ақлро ҳайрат ҳамеояд зи килкат гоҳ-гоҳ,
К-ӯ ба танҳоӣ ҳаме тартиби олам чун кунад.

Дон, ки ташрифи Худованди Хуросон оятест,
К-аз бузургӣ насхи оятҳои гуногун кунад.

Посбонаш з-ин бисоти нисбати ҳамсоягӣ
Кисвати худро шабе гар туҳфаи гардун кунад,

Гар на ин будӣ, раво будӣ, ки дар ташрифи ту
Он ки рӯзи оламе зикраш ҳаме маймун кунад,

Аз вулӯи хеш бар мадҳи ту ногаҳ гуфтаме;
Пойгоҳи Каъбаро кисват куҷо афзун кунад?

Шод бодӣ, то ҷаҳон сад соли дигар бар дарат
Ҳамчунин хидмат кунад аз ҷон ҳаме, к-акнун кунад!


Дӯсте гуфт: «Сабр кун, эрок
Сабр кори ту хубу зуд кунад,

Оби рафта ба ҷӯй бозояд,
Кор беҳтар аз он ки буд, кунад!»

Гуфтам: «Об ар ба ҷӯй бозояд,
Моҳии мурдаро чи суд кунад?!»

Оят – нишона, аломат.
Насх – бекор, лағв.
Вулӯ – ҳирс.

пешина
аз 328
навбатӣ