Мунтахаби девон

В-он дигар подшаҳ ба як нукта
Олимеро фарози тахт нишонд!
Гуфтам: «Эй дӯст, турраҳот аст ин,
Ин сухан бар забон нашояд ронд!
Охир, ин қавм одиён буданд,
Ки худ аз наслашон касе бинамонд!»
ШАРОБ ХОҲАД
Панҷ қаллошем дар байғӯлае
Бо ҳарифе, к-ӯ рубоби хуш занад;
Чархи мардумхор, гӯӣ, хасми мост,
То чу бархезем, бар ҳар шаш занад!
Бешаробӣ оташ андар мо задаст,
Кист, к-ӯ оташ дар он оташ занад?!
ДАРХОСТИ РӮШНОӢ КУНАД
Гунбази пирӯзагун бо ахтарони симранг
Ҳар шабе то рӯз васфи бенавоий ман кунад.
Рӯзгори бенавоӣ васлро ҳиҷрон диҳад,
Иттифоқи тангдастӣ дӯстро душман кунад.
Саъбу торик аст дур аз васли ту шабҳои ман,
Шамъҳо бояд, ки ин торикро равшан кунад.
Порае аз эътиқоди хеш назди ман фирист,
То шабамро равшану ин ҳуҷраро гулшан кунад
Варна фарроши сарои макраматро насб кун,
То ду донге дар вуҷӯҳи якманӣ равған кунад!
Од – қавме, ки тӯфони Нӯҳ аз рӯи замин бенишонашон кардааст.
Қаллош – айёш, ишратпараст.
Байғӯла – гӯша, кунҷ.
Саъб – душвор, вазнин.
Фаррош – ходим.
Макрамат – анбор.
Насб кун – вазифадор, маъмур кун.
Донг – шашяки вазни дирҳам.
Вуҷӯҳ – ҷамъи ваҷҳ, восита, сабаб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо