Мунтахаби девон

Рӯзгорат ҷигар нахоҳад дод,
Хасм, гӯ, рӯзу шаб ҷигар меранд.
Гар кушояд замона в-ар бандад,
Дил ба ҷуз дар Худой ҳеҷ мабанд.
Поят андар рикоби таъйид аст,
Дарнаафтӣ аз ин сиёҳу саманд!
Ту, ки дар ҳифзи Эзидӣ, чӣ кунӣ
Ҳирзу таъвизи аҳли Ҷанду Хуҷанд?
Ҳарфу савт ар қазо бигардонад,
Марҳабо Занду ҳаббазо Позанд!
Аз кӣ кард оташи ҳаводис дур
Дар сарои сипанҷ дуди сипанд?
То ки дар натъи даҳр дар бозист
Рӯҳи Баҳрому аспи Морисфанд,
Бод фарзини иззу умратро
Аз пиёда давом фарзинбанд,
Шахсу динат вадиати Эзид
Бениёз аз табибу донишманд.
Адади солҳои муддати ту
Ҳамчу таърихи понсаду чилу анд!
Дӯсте дар самар китобе дошт,
Як-ду сафҳа ба пеши ман бархонд,
Ки фулон шахс дар фулон таърих
Ба яке байт бадрае бифишонд.
Китоби дини зардуштӣ ва тафсири он.
Морисфанд – ситораи Миррих ва малаки муаккали об.
Дар бозии шатранҷ – фарзин ба тақвияти пиёда роҳи муҳраи ҳарифро мебандад ва агар муҳраи ҳариф пиёдаро «бикушад», фарзин ӯро хоҳад «кушт».
Вадиат – амонат.
Самар – ривоят.
Бадра – ҳамёни зар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо