Мунтахаби девон

В-ар ту каффорате ниҳӣ онро,
Ман набошам бад-он сухан хурсанд,
К-одамизодае, ки бегунаҳ аст,
Кай ба каффорат аст ҳоҷатманд?
В-он ки маъсум ҳаст, дасти гуноҳ
Пои ӯро наорад андар банд.
Маъсиятро ба олами исмат
Ваҳм ҳам дарнаоварад ба каманд.
Пас чи каффорат, ин чи куфр бувад,
Ё чи беҳуда бошаду тарфанд.
Лафзи каффорат, эй салимулқалб,
Бипазир аз мани мусулмон панд,
Ҳеҷ маъсумро чу напсандӣ,
Исмати сирфро макун ба писанд.
Эй зи обову уммаҳоти вуҷуд
Чун ту ҳаргиз назода як фарзанд,
Ба Худое, ки нест монандаш,
Гарчи мустағниам аз ин савганд,
Ки зи инсофи рӯзгор имрӯз
Ҳама чизе-т ҳаст, ҷуз монанд;
В-он, ки дар арзгоҳи кавну фасод
Чархро нест ҳеҷ хешованд.
Назми Парвин надод кореро,
То ба шакли Банот напроканд.
Гар нигоре нигошт, бозбишуст
В-ар ниҳоле нишонд, бозбиканд...
Каффорат – садақа барои дафъи бало.
Маъсият – гуноҳ.
Тарфанд – дурӯғ, муҳол.
Салимулақл – покдил.
Обову уммаҳот – нуҳ фалаку чор унсур.
Мустағнӣ – беэҳтиёҷ, бениёз.
Фасод – олами ҳасту нест шудан.
Парвин – шаш ситораи боҳам, Сурайё.
Банот – Ҳафтдодарон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо