Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кадом тифли таманно кунун расад ба булӯғ,
Чу дар саводу баёзи замона доя намонд?!

Тамаъ бибур зи сарое, ки назми айш дар ӯ
Ба ҳамсароя тавон доду ҳамсароя намонд.

Ҷаҳон вазоифи рӯзию амн бозгирифт,
Муҷоҳизони фалакро магар ки моя намонд.

ДАР ИЛТИМОСИ БАРОТИ ИНЪОМ ГӮЯД,
КИ ХАБАРИ ОН БА Ӯ РАСИДАВУ БАРОТ НАРАСИДА БУД

Эй Худованде, ки бар даргоҳи ҷоҳат бандавор
Чарху анҷум солҳо аҷрею ротиб хӯрдаанд.

Бандаро Фахруззамон Исҳоқу чандин кас ҷуз ӯ
Тоза аз инъоми ту чизе ҳикоят кардаанд.

Гар дуруст аст ин сухан, маълум кун, то он барот
Худ кӣ овардасту кай боре ба ман н-овардаанд?!

ДАР ОРИЗАИ ХОТУН
ИСМАТУДДИН РАЗИЯТУЛМУЛУК

Гар Худованд Исматуддинро
Ориза ранҷа дошт рӯзе чанд,

Он бидон аз бади ситораи наҳс,
Ё ҷафои сипеҳри бадпайванд.

Давлате дошт бас бағоят тез,
Чун қазо қодиру чу чарх баланд.

Бахти бедори меҳрубонаш гуфт,
Ки бувад дар камол бими газанд.

Дафъи чашми бади ҷаҳонеро
Ҳамчунин нарм-нарму хандоханд

Дошт аз рӯи маслиҳат ду-се рӯз,
Дили ӯро, ки шод бод, нажанд

Аҷр – маош.
Ориза – воқеаи ногувор.
Газанд – шикаст, зиён.
Нажанд – ғамгин.

пешина
аз 328
навбатӣ