Мунтахаби девон

АНВАРӢ ДАР ҶАВОБИ ҚОЗӢ ГӮЯД
Ифтихори ҷаҳон Ҳамиддудин,
Ки хирад мадҳи ту ҳамехонад,
Дон, ки аз ҳеҷ рӯй натвон гуфт,
Ки надонад ҳамею натвонад.
Монд як чиз он ки худ накунад,
Гарчи ҳолӣ тавонаду донад.
3-он ки бар бениёз воҷиб нест,
К-аз пайи нафъи кас қазо ронад.
Лам дар афъоли ӯ наояд аз он,
Ки сабаб дар миёна биншонад.
Ғанин мутлақ аз ғараз дур аст,
Феъли ӯ кай ба феъли мо монад?
Ҳеҷ тадбир нест ҷуз таслим,
Хештан беш аз ин наранҷонад!
Басо сухун, ки маро буд в-он нагуфта бимонд,
Зи ман нахост кас онрою он нуҳуфта бимонд.
Сухан, ки гуфта бувад, ҳамчу дурри суфта бувад,
Маро равост, гар ин дурри ман насуфта бимонд!
ШИКОЯТ АЗ ДАҲР
Ҷафои гунбади гардон ба пояе бирасид,
К-аз он фарозтар андар замир поя намонд.
Хирад чу мӯрча дар ташти ҳайрат аст аз он-к
Мудаббиронро тадбири ташту хоя намонд.
Аз офтоби ҳаводис чунон бисӯхт ҷаҳон,
Ки кӯҳро, ба масал, дастгоҳи соя намонд.
Лам – чаро (арабӣ).
Ташту хоя – бозие будааст; маънои байт: чунон ки мӯрча аз ташт (тағора, лаган) баромада наметавонад, ақл дар кори ҷаҳон ҳайрон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо