Мунтахаби девон

Ҳар чи аз олам бахилӣ ҷамъ кард,
Якмаконшон матъаму машраб ниҳод,
Он бихилободи мумсикхонаро
Рӯзи фитрат номи ӯ Нахшаб ниҳод!
ДАР ЗАММИ ТАМАЪ
Мазаллат аз тамаъ хезад ҳамеша,
Вуҷудаш дар ҷаҳон номунтафаъ бод.
Тамаъ орад ба рӯи мард зардӣ,
Ки лаънатҳои рукнӣ бар тамаъ бод!
ИМОДУДДИН ПИРӮЗШОҲ
ВАҚТЕ БА ХОНАИ ҲАКИМ БА АЁДАТ ОМАДА БУД,
ДАР ШУКРИ ОН ГУФТА
Эй худованде, ки баннои ҷаҳон, яъне Худой
Гавҳари поки туро асли накӯкорӣ ниҳод,
Остони соҳати ҷоҳи туро чун баркашид,
Ақли кул ҳам пой бар хокаш ба душворӣ ниҳод,
Фитнаро хоби зарурӣ дида аз гетӣ бидӯхт,
Чун қазо дар дидаи бахти ту бедорӣ ниҳод,
Дӣ ҳаёти нав ниҳодастӣ маро дар тан чунон-к
Биллаҳ, ар дар хок ҳаргиз абри озорӣ ниҳод,
Узри он ақдом чун хоҳам, ки хокашро сипеҳр
Сурмаи чашми Худовандию ҷабборӣ ниҳод,
Шод бош, эй мустафосират, ки хулқи шомилат
Бетакаллуф бар такаббур доғи безорӣ ниҳод...
Якмакон – якҷо, ҳамроҳ.
Матъаму машраб – хӯрданию нӯшиданӣ.
Нахшаб – Қаршии имрӯза.
Замм – мазаммат.
Мазаллат – иллат, хорӣ.
Номунтафаъ – бебаҳра, беманфиат.
Рукнӣ – соф, хос, холис.
Худованд – соҳиб, хоҷа.
Банно – бинокор, бинокунанда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо