Мунтахаби девон

Пеши назми чун насиҷулваҳди ту
Чист назми мо? - Насиҷуланкабут!
Гарчи дар таълифи ин абёт нест
3456
Бе самин ғассеюқасбе бе курут,
Ройи олӣ дар ҷавоби ин мабанд,
Лоиқ ин ҷо ассукут аст, ассукут!
Эй баҳақ бахти ту ҳаййи лояном,
Бодӣ андар ҳифзи ҳаййи лоямут!
ДАР ШИКОЯТ
Андар ин аср ҳар ки шеър барад,
Ба умеди силат бари мамдӯҳ,
Чор олат бибоядаш,варна
Гардад аз ранҷу ғам дилаш маҷрӯҳ:
Дониши Хизру неъмати Қорун,
Сабри Айюбу зиндагонии Нӯҳ!
ДАР ҲИҶО
Он Худованде, ки солу моҳро
Такя бар аҷзои рӯзу шаб ниҳод,
Мар-маволиди ҷаҳонро сездаҳ
Аслу фаръу маншаъу матлаб ниҳод,
Чор сифлиро аз он ум ном кард,
Номи он нуҳ улвиёнро аб ниҳод,
Насиҷулваҳд – тори воҳид, ягона, нотакрор.
Насиҷуланкабут – тори анкабут.
Самин – арзиш.
Ғасс – чизе лоғар, ночиз.
Қасб – хурмо.
Курут – зарф.
Лояном – зиндаи хобнакунанда.
Бодӣ – бодо, бошӣ.
Лоямут – зиндаи намиранда.
Худованд тамоми чизи ҷаҳонро ба сездаҳ қисм ҷудо кард; чор чизи сифлӣ (паст, заминӣ) – хоку об ва ҳавову оташро ум (модар) номид ва нуҳ чизи улвӣ (олӣ), яъне нуҳ фалакро аб (падар).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо