Мунтахаби девон

Гар шуморо бонавоӣ буд, чи шуд?
Варчи моро буд бебаргӣ, чи гашт?
Роҳату ҳастию ранҷу нестӣ
Бар шумо бигзашту бар мо ҳам гузашт!».
Низ мадҳу ғазал нахоҳам гуфт,
Гарчи табъам ба шеър мӯй шикофт,
К-онки маъшуқ буд, пир шудаст
В-он ки мамдӯҳ буд, фармон ёфт.
ДАР ҲАҶВИ ХОҶА САЛОҲ
Гуфтам:«Они ту нест, Хоҷа Салоҳ!»
Гуфт: «Чӣ?» Гуфтам: «Он ду хулқонат!»
Гуфт: «Чун нест?» Гуфтам: «Аз пайи он-к
Гар бад-ӯ нофиз аст фармонат,
Чун гузорӣ, ки барзанад ҳар рӯз,
Қалтабоне сар аз гиребонат?»
ДАР МАДҲИ ҚОЗӢ ҲАМИДУДДИН
Эй ба ту маҳсус эъҷози сухан,
Чун ба витр, эй витри дар маънӣ қунут.
Самти даргоҳат сууди чархро
Гашта дар даврон кули хайруссумут.
Рӯзгорӣ дар камоли ноқисон,
Рӯзгор атлас кунад аз барги тут.
Мо чу қурси арзану ҳути ғадир,
Ту чу қурси Офтобу бурҷи Ҳут.
Саъваи мо марди симурғи ту нест,
Ту қавибозу ба фазлӣ, мо ба қут!
Фармон ёфтан – маҷозан даргузаштан.
Хулқон – куҳна, маҷозан ҷомакуҳна.
Нофиз – раво.
Витр – дуои кӯтоҳ.
Қунут – дуои тӯлонӣ.
Хайруссумут – самтҳои хайр, нек.
Яъне, чунон ки рӯзгор аз барги тут атлас мекунад, ту ноқисонро ба камол мерасонӣ.
Ғадир – моҳии кӯлмак.
Қут – хӯрданӣ, ғизо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо