Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Валек боди хазонаш чу шохи умр шикаст,
Ба мавт бистару болин кунад зи хоку зи хишт.

ДАР ТАЛАБИ ҲУЗУРИ МИЗБОН

Эй бузурге, к-аз обу хок чу ту
Дасти даврони осмон насиришт.

Тухме аз лутф дар замини камол
Чун ту ҳарроси рӯзгор накишт.

Ёд кардӣ зи Анварӣ ба карам,
Боз бар пушти рӯзгор набишт.

Ғарази ӯ туию хидмати ту,
На мулоқоти чӯбу суҳбати хишт.

Дар сарое, ки ту нахоҳӣ буд,
Дару девори ӯ чи хубу чи зишт!

Ба Худое, ки Каъба хонаи ӯст,
Ки бувад Каъба бе туам чу куништ!

Мизбон аввал, он гаҳе хона,
Руъятуллаҳ нахуст, боз биҳишт!

ДАР ҲИКМАТУ НАСИҲАТ

Дар ҳудуди Рай яке девона буд,
Солу маҳ кардӣ ба сӯи дашт гашт.

Дар тамузу дай ба соле як-ду бор
Омадӣ дар қалби шаҳр аз тарфи дашт.

Гуфтӣ:«Эй онон, к-атон омода буд
Зери қурбу буъди ин зарринаташт

Қоқуму санҷоб дар сармо се-чор,
Тӯзию каттон ба гармо ҳафту ҳашт.

Ҳаррос – деҳқон, кишоварз; ҳарроси рӯзгор – Худованд.
Руъйатуллаҳ – рӯҳи тобон, Худованд.
К-атон – ки-атон, ки бароятон.
Қурбу буъд – наздику дур.
Қоқуму санҷоб – ҷонвароне, ки аз пӯсташон пӯстин бидӯзанд.
Тӯзию каттон – либосҳои нафис.

пешина
аз 328
навбатӣ