Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гузашт зулми ту з-андоза бар мусулмонон,
Зи Кирдгор битарс, ин чи номусулмонист?!

Худой шарри ту аз рӯи халқ дур кунад,
Ки бо вуҷуди ту рӯи ҷаҳон ба вайронист!


Кимиёе туро кунам таълим,
Ки дар иксиру дар саноат нест:
Рав қаноат гузин, ки дар олам
Кимиёе беҳ аз қаноат нест!

ДАР МАЗАММАТИ САВОРӢ

Ту маро, гар пиёдаам, маникӯҳ,
Ки маро аз пиёдагӣ гила нест.

Ҷунбиши осмон ба нафси худ аст
Пойбанди тавилаю гала нест.

Дар саворӣ ту лофи фахр мазан,
Ки туро ҷои лофу машғала нест.

Ту чу кӯҳию дар мафосиликӯҳ
Ҳаракат ҷуз ба саъйи зилзила нест!


Нест як тан дар ҳама рӯи замин,
К-ӯ ба навъе аз ҷаҳон фарсуда нест.

Нест бе ғусса ба гетӣ ҳеҷ кор,
Дар замона ҳеҷ шахс осуда нест.

Зинда мебояд чунон, к-ояд зи пеш,
Кори гетӣ бар касе паймуда нест.

ДАР БЕСУБОТИИ ҶАҲОН

Ҷаридаест ниҳоди сияҳсапеди ҷаҳон,
Ки рӯзгор дар ӯ ҷуз қазои бад нанавишт...

Замона рӯзе чанд аз тариқи ишвагарӣ
Диҳад баҳори бақои туро ҷамоли биҳишт,

Маникӯҳ – накӯҳиш (сарзаниш) макун.
Мафосил – фосилаҳо; пайвандгоҳ.

пешина
аз 328
навбатӣ