Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ҲАСБИ ҲОЛИ ХУД ВА
НАКӮҲИШИ ЯКЕ АЗ БУЗУРГОН

Зи мардумон машумар хешро ба ҳайъату шакл,
Ки мардумӣ на ҳамин ҳайкали ҳаюлонист.

Ба ҳусни зоҳиру ботин мусалламат накунанд,
Ки ин ду ҳам зи сифатҳои рӯҳи ҳайвонист.

Вагар ту гӯӣ: «Нутқ аст мар-маро», гӯям:
«Ки ин ҳадис хам аз аҳмақию камдонист!

Агар ба нутқ ҳаме харфу савтро хоҳӣ,
Занах мазан, на қиёсист ин, на бурҳонист,

Ки ин натиҷаи ҷон асту он ду қаръиҳаво,
Ҳаво муҷассаму ҷон н-аз ҷаҳони ҷисмонист.

Баробарӣ чӣ кунӣ бо касе, ки дар мулкаш
Амири шаҳри ту дар орзӯи сагбонист!

Ба шуғли девон бар ман такаббурат нарасад,
Ки девӣ, арчи туро сад мисоли девонист!

Туро агар амале дод рӯзгор, чи шуд?
Маро ба ҷои амал илмҳои юнонист!

Ба шаҳвате, ки бирондӣ, ҳаме чи пиндорӣ,
Ки дар вуҷуд ҳамон лаззат асту осонист.

Ба рӯҳи ман, нашавӣ зинда, т-от нанмоям,
Ки аз чи навъ маро айшҳои рӯҳонист.

В-агар ту гӯӣ: айши ману ту ҳар ду якест,
Ғалат кунӣ, ки маро ақлию туро нонист!

Туро ба рӯҳи баҳимист зиндагию маро
Ба файзи иллати улову нафси инсонист.

Бад-ин далел, ки гуфтам, яқин шудат, боре,
Ки мулку милк маро боқию туро фонист?!

Бад-ин шараф, ки ту дорию ин карам, ки туросг,
Чи ҷои ин ҳама модарғарию кашхонист!

Қаръ – зарба, бархурд.
Т-от – то туро.
Мулку милк – мулку сарват.
Кашхонӣ – қалтабонӣ, даюсӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ