Мунтахаби девон

Анварӣ, ҳам зи ту бар туст, ки бар бехи дарахт
Ақл донад, ки ситам, к-аз табар аст, аз даста-ст!
Ғусса хӯр, ғусса, ки худ бар фалак аз ғуссаи ту
Тир ангушт газидасту қалам бишкастаст!
МУНОЗИРАИ КАДУБУН БО ДАРАХТИ ЧИНОР
Нашнидаӣ, ки зери чиноре кадубуне
Барҷасту бардавид бар ӯ-бар ба рӯзи бист,
Пурсид аз чинор, ки ту чандрӯзаӣ?
Гуфто чинор: «Умри ман афзунтар аз дувист».
Гуфто:«Ба бист рӯз ман аз ту фузун шудам,
Ин коҳилӣ, бигӯй, ки, охир, зи баҳри чист?!»
Гуфто чинор:«Нест маро бо ту ҳеҷ ҷанг,
К-акнун на рӯзи ҷангу на ҳангоми доварист.
Фардо ки бар ману ту вазад боди Меҳргон
Он гаҳ шавад падид, ки номарду мард кист!»
ДАР ФАЗИЛАТИ АҚЛУ ШАРАФИ ИНСОН БА ХИРАД
Бартарин моя мардро ақл аст ,
Беҳтарин поя мардро тақвист,
Бар ҷамодот фазли одамиён
Ҳеҷ берун аз ин ду маънӣ нест.
Чун аз ин ҳарду мард холӣ монд,
Одамию баҳима ҳар ду якест...
ДАР ШИКОЯТИ ЗАМОНА ВА ИФТИХОРИ ХУД
Унсурӣ гар ба шеър ме сила ёфт,
На зи абнои аср бартариест.
Нест андар замона Маҳмуде,
В-арна ҳар гӯша сад чу Унсуриест!
Ҷамодот – санг, минерал; беҷон.
Баҳима – ҳайвон.
Ме сила ёфт – сила (подош) меёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо