Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар олам саросар зулм гирад,
Наёбад ҳеҷ мазлум аз фалак дод!

Ҳама зулм аз нуҷуму аз фалак дон,
Ки лаънат бар нуҷуму бар фалак бод!

ДАР УЗР

Ту он карим, ки аз илтифоти хотири ту
Ниёз то ба абад дар наиму ноз афтад.

Хирад сазои ту то маъние ба даст орад,
Ҳазор сол дар андешаи дароз афтад.

Ба бист байт мадеҳи ту дар карамбинӣ
Чунон фитад, ки ба ислоҳи он ниёз афтад.

Аҷаб мадор, ки андар сарои олами кавн
Гаҳе нишеб фитад кору гаҳ фароз афтад.

Зи ҳирси мадҳи ту бошад, ки аз дарахти сухан
Латифае, масалан, нимпухта боз афтад!

ШАРОБ ХОҲАД

Эй ҷаҳоне пур аз макорими ту,
Анварӣ дар ҷаҳон туро дорад.

Чун қавидил бувад ба раҳмати ту,
Ҳар замон заҳматат ҳамеорад.

Чи кунад, гарчи нест бар ту азиз,
Хештан хор менапиндорад.

Баски кӯшад, ки бо ту дам назанад,
Карамат хомушаш бинагзорад.

Мубримӣ шарти шоирист, валек
Бандаро з-он шумор нашморад.

Макорим – карамҳо, меҳрубониҳо, навозишҳо.
Мубримӣ – дилбазан, хира, безоркунанда.

пешина
аз 328
навбатӣ