Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар чи дар маҷлиси мулук бувад,
Ҳама дар кулбаи хароби ман аст:

Раҳли аҷзою нони хушк бар ӯ
Гарди хони ману кабоби ман аст.

Шишаи сабри ман, ки бодо пур,
Пеши ман шишаи шароби ман аст.

Қалами кӯтаҳу сарири хушаш
Захмаву нағмаи рубоби ман аст.

Хирқаи сӯфиёнаи азрақ
Аз ҳазор атлас интихоби ман аст.

Ҳар чи берун бувад аз ин каму беш,
Ҳошалиссомеъин, азоби ман аст.

Гандапири ҷаҳон ҷунуб накунад
Ҳимматеро, ки дар ҷаноби ман аст.

З-ин қидам роҳи риҷъатам бастаст
Он, ки ӯ марҷаъу маъоби ман аст.

Ин тариқ ар ба мо басест хато,
Чи кунам, ин хато савоби ман аст,

Хидмати подшаҳ, ки боқӣ бод,
На ба бозӯи хоку оби ман аст.

Гарчи пайғоми рӯҳпарвари ӯ
Ҳама таскини изтироби ман аст.

Нест мар-бандаро забони ҷавоб,
Ҷомаву ҷои ман ҷавоби ман аст.

ДАР МУТОИБА

Дар ҷаҳон, чандон, ки гӯӣ бешумор,
Нестию меҳнату идбир ҳаст.

Раҳл – асбобу анҷом.
Аҷзо – ҷузъҳо.
Ҳошалиссомеъин – паноҳ ба шунавандагон.
Ҷунуб – касиф, нопок.
Қидам – қадим, аз дер.
Риҷъат – руҷӯъ, бозгашт.
Марҷаъу маоб – ҷои бозгашт, паноҳгоҳ.
Идбир – фаррош; ҷаллод.

пешина
аз 328
навбатӣ