Мунтахаби девон

Ба зери зарбати хояски меҳнату шеван
Сабур нест, вале сабр кори сандон аст.
Ба тӯли қитъа гаронӣ накардам аз пайи он,
К-аз ин матоъ дар ин арзгоҳ арзон аст.
Ҳамеша то зи фуруди сипеҳр арконанд,
Ҳамора то зи варои камол нуқсон аст.
Мабод ҳеҷ бадӣ аз сипеҳру арконаш,
Ки аз камолу бузургӣ сипеҳру аркон аст.
Зи тавқи тавъаш холӣ мабод гардани даҳр,
Ки бас ягонаву фарзонаю сухандон аст!
Биҳиштро чӣ кунӣ арза бар қаландариён,
Биҳишт чист – нишоне зи буди инсон аст!
Ба сирри синаи поку ба ҷони маъсумон,
Бад-он Худой, ки донои сирру эълон аст,
Ки нуқли ринди зимистони ламязал хуштар
Зи меваҳои биҳишту наими ризвон аст!
ҲАКИМ ДАР ОХИРИ УМР АЗ МУЛОЗИМАТИ ДАРБОР
ЭҲТИРОЗ МЕНАМУД, ВАҚТЕ СУЛТОНИ ҒӮР ВАРО ТАЛАБИД,
ИН ҚИТЪАРО БА Ӯ ФИРИСТОД
Кулбае, к-андар ӯ ба рӯзу ба шаб
Ҷои орому хӯрду хоби ман аст,
Ҳолате дорам андар ӯ, ки дар он
Чарх дар айни рашку тоби ман аст.
Он сипеҳрам дар ӯ, ки гӯйи сипеҳр
Заррае нури офтоби ман аст.
В-он ҷаҳонам дар ӯ, ки баҳри муҳит
Волаиламъаи сароби ман аст.
Хояск – болға, чакуш.
Тавъ – итоат, гардан ниҳодан.
Ламязал – ҷовидон, безавол.
Аслан дар асоси дар «Маҷолис-ун-нафоис» омада китобат шуд.
Гӯйи сипеҳр – Офтоб.
Ламъа – ҷило, тобиш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо