Мунтахаби девон

ДАР МАДҲИ СОҲИБ ҶАМОЛУДДИНИ
МУҲАММАД ВА ШИКОЯТ АЗ РӮЗГОР
Камоли дини Муҳаммад – Муҳаммад, он ки ба рой
Ҷамоли ҳазрату садру вазири султон аст.
Нафозҳукму қазоқудрату қадарвусъ он-к
Ба ҳаллу ақди мамолик мануби даврон аст.
Сипеҳри баршуда то ройи равшанаш дидаст,
Зи баркашидани Хуршеду Маҳ пушаймон аст.
Замона дар дили катми адам замире дошт,
Ки дар вуҷуд нагунҷад, камоли ӯ он аст.
Мадори ҷунбиши қадраш варои хуршед аст.
Дари сарои камолаш фарози Кайвон аст.
Ба ройи равшани пок офтоби гардун аст,
Ба қадру ҷоҳу шараф осмони гардон аст.
Вазорат аз сухани ӯ чу ҷони бо ҷисм аст,
Ниёбат аз қалами ӯ чу ҷисми бо ҷон аст.
Ба пеши оинаи табъаш ошкор шавад
Ҳар он латифа, ки аз рӯзгор пинҳон аст.
Зи иттисоли кавокиб в-аз имтизоҷи тибоъ
Ҳар он асар, ки бубинӣ, ҳазорчандон аст,
Ки ӯ мушири ҳама корҳои иқбол аст,
Ки ӯ мадори ҳама корҳои девон аст!
Ба ҷуз ҳимояташ аз ҳодисот амон надиҳад,
Ки ин чу киштии Нӯҳ асту ӯ чу тӯфон аст.
Ба кори ходимаш андешае ҳамебояд,
Беҳ аз гузашта ки андешаноку ҳайрон аст.
Ба банди ваъдаи алвон чи боядаш бастан,
Ки аз замона бар ӯ бандҳои алвон аст.
Нафозҳукм – ҳукмаш ҳатмииҷро.
Қазоқудрат – касе, ки қудрати сарнавишт дорад.
Мануб – ноиб, ҷонишин.
Катми адам – олами нестӣ.
Замир – сир, роз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо