Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Доғи осеби даври ту дорад
Ҳар асоси ситам, ки мадрус аст.

Дӯш оз аз ниёз мепурсид,
Ки «Кунун даври даҳр маъкӯс аст?»

Гуфт:«Не». Гуфташ:«Охир, аз чи сабаб
Толеъи макрамот манҳус аст?»

Макрамат бонг баргирифт аз ҳабс,
Ки «Карими замона маҳбус аст!»

ДАР ҚАНОАТУ ОЗОДАГӢ

Олудаи миннати касон кам шав,
То якшаба дар вусоқи ту нон аст.

Розӣ нашавад ба ҳеҷ бенафсӣ
Ҳар нафс, ки аз нуфус инсон аст.

Эй нафс, ба растаи қаноат шав,
К-он ҷо ҳама чиз нек арзон аст!

3-ин суд чи суд, агар шавад афзун,
Дар мояи нафс нақсу нуқсон аст!

Дар олами тан чи мекунӣ ҳастӣ,
Чун марҷаъи ту ба олами ҷон аст!

Шак нест, ки ҳар ки чизаке дорад
В-онро бидиҳад, тариқи эҳсон аст,

Лекин чу касе бувад, ки настонад,
Эҳсон он асту сахт осон аст!

Чандонки мурувват аст дар додан,
Дар носитадан ҳазорчандон аст!

Мадрус – куҳна, фарсуда.
Маъкӯс – аз акс, баракс, чаппа.
Макрамот – ҷамъи карам, лутф.
Манҳус – наҳс.
Марҷаъ – ҷои руҷӯъ, бозгаштгоҳ; паноҳгоҳ.

пешина
аз 328
навбатӣ