Мунтахаби девон

Фиғон зи одати ин ранҷсози роҳатсӯз,
Фиғон зи гардиши ин ҷоншикори ҷаврпараст,
Ки сурате, ки ба умре нигошт худ, бистурд,
Ки гавҳаре, ки ба сӣ сол суфт худ, бишкаст.
Замона иқди камоле гусаст, вой дареғ,
Ки осмон натавонад назири он пайваст!
Зи домгоҳи аносир чи фоида-ст, бигӯ
В-аз ин кушанда ду доми сияҳсапед, ки ҳаст,
Ки рӯзгор пас аз интизори нек дароз,
Бад-ин ду дом ҳамин мурғ сайд карду биҷаст.
Агарчи дар ғами ҳаҷрат, ба нӯки нохуни ашк,
Намонд мардумаки дидае, ки дида нахаст!
Вагарчи ҳеҷ шабе нест, то зи дасти димоғ
Ҳазор дида нагардад зи ашки майгун маст!
Забони ҳол ҳамегӯяд ин-т, муқбил мард,
Ки аз чи иду арӯсӣ карона карду бираст!
Ту парваридаи кобуки осмон будӣ,
Аз он қарор накардӣ дар ошёнаи паст!
Замона дил ба ту з-он дарнабаст, медонист,
Ки моҳии фалакиро фурӯ нагирад шаст!
ДАР ҲАБСИ МАҶДУДДИН АБУЛҲАСАНИ ИМРОНӢ
Булҳасан, эй касе, ки дар эҳсон
Ваъда аз рағбати ту маъюс аст.
Дилу дастат, ки шод боду қавӣ,
Баҳри маъқулу кони маҳсус аст.
Накбатат ом накбатест, к-аз ӯ
Шаръ манкубу мулк манкӯс аст
Ин-т – ин туро,туро ин…
Муқбил – накбатзада, бадбахт.
Кобук – ошёна, лона.
Накбат – бадбахтӣ.
Манкуб – хароб.
Манкус – чаппа, сарозер, сарнагун.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо