Мунтахаби девон

ДАР ШИКОЯТ ВА ТАЛАБИ ЭҲСОН
Эй Худованде, к-аз ғояти эҳсону сахо
Абр дар ҷанби кафат ботилу дарё зӯр аст,
Ҷуду бухл аз кафи ту ҳар ду муханнас шудаанд,
Магараш табъи сақанқуру дами кофур аст.
Бандаро хидмати пайвастаи даҳсола магир,
К-аз қиробот нуфуру зи ватан маҳҷур аст!
Даҳқасида-сту чиҳил қитъа, ҳама – мидҳати ту,
Ки ба атрофи ҷаҳон мунташиру машҳур аст.
Бо чунин собиқа касро ба чунин рӯз кӣ дид,
К-аз ғами ротиба рӯзаш чу шаби дайҷур аст?!
Саъй кун, сайъ, ки дар боби чунин хидматгор,
Саъйи ту андаку бисёрҳама машкур аст!
Бар сараш соя фикан, ҳин, ки дар афвоҳ афтод
Ки зи тақсири фулон кори фулон бенур аст.
Андарин шиддати гармо, ки зи таъсири тамуз
Бонги ҷазд аз тафи хӯршед чу нафхи сур аст.
ДАР МАРСИЯ
Раиси давлату дин, эй асири дасти аҷал
Шудию рафт беҳин ҳосили ҷаҳон аз даст!
Замона не дари мардӣ, дари карам бишкаст,
Сипеҳр не дами шахсе, дами ҳунар дарбаст!
Дилам ҳариқи вафотат чу кард хокистар,
Ятимвор бар ӯ ҷон ба мотамат биншаст!
Ҷанб – ҷониб, паҳлӯ.
Зӯр – ин ҷо ба маънии дурӯғ, фиреб.
Сақанқур – ҷонваре, ки гӯшташ қувватафзост.
Қиробот – аслиҳа.
Дайҷур – сиёҳ, торик.
Машкур – лоиқи шукр, писандида.
Ҷазд – ҳашароте, ки ҳангоми гармо фарёд кунад.
Нафхи (нафхаи) сур – дамидан; сури Исрофил, ки рӯзи қиёмат ҳамагонро зинда мекардааст.
Ҳариқ – оташ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо