Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷаи миллат – Ҳамиддудин, ки аз рӯи қавом
Дину миллатро маконаш чун аразроҷавҳар аст,

Он, ки қозии фалак, яъне, ки ҷирми Муштарӣ
Рӯзи бораш аз идоди пардадорони дар аст,

Чокарони ҳазраташ назди ман оварданд дӣ
Чокарони ҳазрате, к-ӯро чу ман сад чокар аст,

Чун ниҳодам бар сару бар дида он ташрифро,
К-аз азизӣ рост ҳамчун дидагонам дар сар аст,

Дида аз ҳайрат ҳамегуфт:«Ин чи куҳлу тӯтиёст?!»
Торак аз даҳшат ҳамегуфт:«Ин чи тоҷу афсар аст?!»

Бар забонам рафт, к-ин дарҷи саросар нукта бин!
Ақл гуфт: «Эй ҳарзагу, ин дурҷ то сар гавҳар аст!»

3-он сухан парварданам якборагӣ маълум шуд,
К-он чи олирой мулкорой, маънипарвар аст!

Хотири ваққодаш андар нисбати оби сухан
Оташе омад, ки дудаш ҷумла оби Кавсар аст!

Олами маънӣ-ш хондам, оламам хомӯш кард,
Гуфт: «Олам чун бувад он, к-ӯ зи олам бартар аст!

Меҳру кинаш муҷиби бадбахтию некахтарист,
Чун аз ин бадбахт шуд, инсоф, аз он некахтар аст!

Аз хати ширинаш андар фикратам, к-оё магар
Оҳувони Чину Мочинро чарогаҳ аскар аст?!»

Бо хирад гуфтам: «Тавонӣ, гуфт ин аъҷуба чист?»
Гуфт: «Пиндорам, ки баҳре пур зи мушку анбар аст!»

Ишқ аз ӯ беҳ гуфт, гуфто: «Нек дур афтодаанд,
Ёдгоре аз лаби маъшуқу зулфи дилбар аст».

Дер зӣ, эй он ки баъд аз понсаду панҷоҳ сол
Назму хаттат бар нубувват ҳуҷҷати пайғамбар аст!

Аразроҷавҳар – ҷавҳар – асли ашё; араз – чизе, ки ҳастиаш ба ғайр вобаста аст.
Рӯзи бор – рӯзи қабул.
Идод – адад: аз шумори…
Сдурҷ – сандуқи ҷавоҳирот.
Ваққод – равшан, дурахшон.
Аскар – чарогоҳи анбӯҳ, зиёд.

пешина
аз 328
навбатӣ