Мунтахаби девон

Валекин чун туӣ рӯзи замона,
Туро ҳар гаҳ, ки бинам, бомдод аст!
ҚИТЪАИ ЗЕРРО БА ХОҶА ИСҲОҚ –
ПАДАРХОНДАИ ХУД ФИРИСТОДА
Маро мақсуди фарзандони Одам
Зи фарзандони сидқи худ шумурдаст,
Худоваид — Авҳадуддин Хоҷа Исҳоқ,
Ки гетӣ бо бузургиҳош хурд аст,
Гараш бинӣ, бигӯ, эй он ки поят
Зи рутбат пояи гардун супурдаст,
Хабар дорӣ, ки фарзанди азизат
Чи пой имрӯз дар хорӣ фишурдаст?
Зи пой андар маяфган, даст гираш,
Ки андар поймолу дастбурд аст!
МУТОИБА
Дӯш дар хоб ман паямбарро
Дидамаш, к-ӯ зи уммат озурд-аст.
Гуфтамаш: «Эй бузург, ч-ат будаст,
Табъи поки ту аз чи пажмурд-аст?»
Гуфт: «3-ин муқрияк ҳамеҷӯшам,
Равнақи ваҳйи эзидӣ бурдаст,
Он чи ин занбамузд мехонад,
Ҷабраил он ба ман наовардаст!»
ДАР МАДҲИ ҚОЗӢ ҲАМИДУДДИН
Қитъаи садри аҷал – қозиқузоти Шарқу Ғарб,
Он ки бар олам нафози ӯ қазои дигар аст,
Муқрияк – қорияк, қорича.
Ваҳй – паёму илҳом.
Занбамузд – занҷалоб, занфурӯш.
Аҷал – қисми таркибии мақоми бузургӣ.
Нафоз – иҷрои ҳукм.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо