Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хокро тӯфон агар ғусле диҳад, вақт омадаст,
Эй дареғо, доъие чун Нӯҳу тӯфоне куҷост?!

ДАР ҲИКМАТ

Он шунидастӣ, ки рӯзе зираке бо аблаҳе
Гуфт, к-«Ин волии шаҳри мо гадое беҳаёст!»

Гуфт: «Чун бошад гадо он, к-аз кулоҳаш тугмае
Сад чу моро рӯзҳо, бал солҳо баргу навост?!»

Гуфтам: «Эй мискин, ғалат,инак, аз ин ҷо кардаӣ:
Он ҳама баргу наво донӣ, ки он ҷо аз куҷост? –

Дурру марвориди тавқаш ашки атфоли ман аст,
Лаълу ёқути ситомаш хуни айтоми шумост.

Ӯ, ки то оби сабӯ пайваста аз мо хостаст,
Гар бичӯӣ, то ба мағзи устухонаш з-они мост!

Хостан гидя-ст, хоҳӣ боҷ дон, хоҳӣ хироҷ, 3-он ки гардаҳ ном бошад ин ҳақиқатро, равост!

Чун гадоӣ чизи дигар нест ҷуз хоҳандагӣ,
Ҳар ки хоҳад, гар Сулаймон асту гар Қорун, гадост!

ДАР УЗРИ ДЕР ОМАДАН ГӮЯД

Ту он фарзонаи озодмардӣ ,
Ки озодӣ зи модар бо ту зодаст!

Дилат гар як замон дар банди мо шуд,
Ба мо-бар дасти фармонат кушода-ст!

Агар бе ту нишасте буд моро,
Ғароматро ба ҷоне истодаст.

Ту гар гӯӣ, ки рӯз омад ба охир,
Ҳадисе аз сари инсофу дод аст,

Доъӣ – даъваткунанда.
Баргу наво – ризқу рӯзӣ.
Тавқ – гарданбанд.
Ситом – афзори асп.
Айтом – ятимон.
Ба мо-бар – бар мо, ба болои мо.
Ғаромат – товон, ҷарима.

пешина
аз 328
навбатӣ