Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЧУН ҚОЗӢ ҲАМИДУДДИН КИТОБИ «МАҚОМОТ»-И

ХЕШРО БА АНВАРӢ ФИРИСТОД, ШОИР

ДАР ТАЪРИФИ ОН ИН ҚИТЪАРО ГУФТ

Ҳар сухан, к-он нест «Қуръон» ё ҳадиси Мустафо,

Аз «Мақомот»-и Ҳамидуддин шуд акнун турраҳот.

Ашки аъмо дон «Мақомот»-и Ҳаририю Бадеъ

Пеши он дарёи моломол аз оби ҳаёт.

Шод бош, эй унсури маҳмудиёнро рӯҳ ту,
Рав, ки ту Маҳмуди асрӣ, мо – бутони Сӯманот.

Аз «Мақомот»-и ту гар фасле бихонӣ бар адад,
Ҳолӣ аз номантиқӣ ҷазри асам ёбад наҷот,

Ақли кул лахте тааммул кард аз ӯ, гуфт: «Эй аҷаб,
Илми иксири сухан донад магар Ақзулқузот?

Дермон эй қадру ройат олами таъйидро

Офтобе безаволу осмоне босубот!

ДАР ШИКОЯТИ ДУНЁ

Рубъи маскун одамиро буд, деву дад гирифт,

Кас намедонад, ки дар офоқ инсоне куҷост.

Давр даври хушксоли дину қаҳти дониш аст,
Чанд гӯӣ: фатҳи бобе куву бороне куҷост?

Ман туро бинмоям андар ҳол сад Бӯҷаҳли ҷаҳл,
Гар мусулмонӣ ту, таъин кун, ки Салмоне куҷост?

Осмон бехи камол аз хоки олам баркашид,
Ту занах мезан, ки дар ман ганҷи пинҳоне куҷост.

Аъмо – нобино.
Ҳаририю Бадеъ – адибони араби асри 11.
Ишора ба фатҳи Султон Маҳмуд қалъаи Сӯманот ва ҳарами ҳиндуёнро.
Ҷазри асам (риёзӣ) – ададе, ки аз реша баромаданаш номумкин аст.
Ақли кул – низоми умумии ҷаҳон.
Ақзулқузот – қозикалон, яъне, Ҳамидуддин.
Таъйид – ёрӣ, мадад.
Рубъи маскун – рӯи Замин.
Фатҳи боб – дар ин ҷо ба маънии айёми бориш.
Бӯҷаҳл – яке аз мухолифони Муҳаммад-пайғамбар.
Салмон – ҳамсафи маъруфи Муҳаммад-пайғамбар Салмони Форс.
Занах – манаҳ. Занах задан – бисёр гап задан.

пешина
аз 328
навбатӣ