Мунтахаби девон

ДАР ҚАНОАТУ САБР ГӮЯД
Эй баски ҷаҳон ҷуббаи дарвеш гирифта,
Аз фазлаи занбӯр бар ӯ дӯхтаам ҷайб
В-акнун ҳама шаб мунтазирам, то бифурӯзанд
Шамъе, ки ба ҳар хона чароғе ниҳад аз ғайб.
Он рӯз фалакро чу дар он шукр нагуфтам,
Имрӯз дар ин зишт бувад, гар кунамаш айб!
ДАР ШУКРУ ҚАНОАТ ГӮЯД
Дар ин дурӯза таваққуф, ки, бӯ, ки худ набувад,
Дар ин мақоми фусӯсу дар ин сарои фиреб,
Чаро қабул кунам аз кас он, ки оқибаташ
Зи халқ сарзанишам бошад, аз Худой итеб.
Маро Худои таъоло зи осиёи фароз,
Ки ақл ҳосили онро наоварад ба ҳисеб,
Чу медиҳад ҳама чизе ба қадри хоҷати ман,
Чунон ки бе хабари себ моҳи ранг ба себ,
Зи баҳри ҳифзи ҳаёт, он чи боядам зи кафоф,
Зи баҳри касби камол, он чи боядам зи китеб,
Ҳазор сол агар умри ман бувад ба масал,
Маро ниёз наояд ба осиёи нишеб.
Ду неъмат аст маро, к-он мулукро набувад:
Ба рӯзи роҳат шукру ба рӯзи ранҷ шикеб.
Ҷубба – ҷома, пӯшиданӣ.
Итеб – итоб.
Осиёи фароз – фалак, осмон.
Ҳисеб – ҳисоб.
Кафоф – кофӣ, кифоя.
Китеб – китоб.
Нишеб – Замин, ҷаҳон.
Шикеб – сабр, тоқат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо