Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба кам аз фикрате бувад, м-озор,
Ройи олиюҷони бихрадро,

Дарди пои ман он маҳал дорад,
Ки ту дарди саре диҳӣ худро?!

ДАР ШИКОЯТИ ЗАМОНА

Хитобе бо фалак кардам, ки «Аз роҳи ҷафо куштӣ
Шаҳони оламорою ҷавонмардони Бармакро,

Зимоми ҳаллу ақди худ ниҳодӣ дар кафи ҷамъе,
Ки аз рӯи хирад бошад бар эшон сад шараф сакро!»

Ниҳон дар гӯши ҳушам гуфт: «Фориғ бош аз ин маънӣ,
Ки сиблат барканад айём ҳар даҳ рӯз як-якро!»

ДАРХОСТИ ШАРОБ КУНАД

Аё дақиқназар меҳтаре, ки гоҳи сахо
Тавонӣ, ар бичаконӣ ҳаме аз оташ об,

Ба пеши дасти сахии ту аз хиҷолату шарм
Ба ҷои қатраи борон арақ чакад зи саҳоб;

Се кас ба зовияе дарнишаста маҳмурем,
Ба ёди бодаи дӯшина ҳарсе масту хароб,

Ба зурваи фалаку моҳ баркашида суруд,
Зи чеҳраи тарабу лаҳв баргирифта ниқоб.

Умеди мо пас аз Эзид ба ҷуди туст, ки нест
Зи сози маҷлиси мо ҳеҷ, ҷуз кабобу рубоб.

Масофи ишрати мо бишқанад замона, агар
Ту нашканӣ ба тафаззул хумори мо ба шароб!

Сак – саг.
Сиблат – мӯйлаб, бурут, маҷозан ҳайбату воҳима. Сиблат кандан – мутеъ кардан, мағлуб намудан.
Зурва – авҷ, баландӣ.
Лаҳв – бозӣ, шодӣ.
Масоф – ҷои сафкашӣ, майдон.
Тафаззул – фазл, лутф, марҳамат.

пешина
аз 328
навбатӣ