Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инак, ба дарам нишаста ҳайрон,

Бо рашкиниҳону ашки пайдо

Бархонам «роҳилун», агар нест
Уммед ба марҳабову аҳло!

ДАР МАЪЗАРАТИ СОҲИБ

Эй бар иқоб карда тақаддум савобро,
В-эй бар хато гузида тариқи савобро.

Дар мастӣ ар зи банда хатое падид шуд,

Маст аз хато нагардад воҷиб иқобро.

Гар даргузорӣ аз ту набошад басе дареғ
Уммеди растагории явмулҳисобро

В-ар з-он ки боз ройи адаб кардане бувад,

Ниме маро адаб куну ниме шаробро!

ВАҚТЕ АНВАРӢ ДАРДИ ПОЙ МЕШАВАДУ

НОСИРУДДИН ТОҲИР БА ДИДАНИ Ӯ МЕРАВАД, ДАР

ШУКРИ ОН ВА УЗРХОҲӢ ИН ҚИТЪАРО ГУФТААСТ

Эй фалак пеши толеъи некат

Карда бар дор ахтари бадро.

Фатҳи боби кафат ба бор орад
Қалби даймоҳ шоҳи буссадро.

Мустаъидди қабули нутқ кунад
Файзи ақли ту тинати дадро.

Ту бимон сад қирону гар ба шабе

Бирасад рӯзи ҳамчу ман садро,

Роҳилун – раванда.
Марҳабову аҳло – хуш омадед.
Иқоб – азоб; уқубат; сазо.
Тақаддум кардан – пеш гузоштан, авлавият.
Савоб – кори нек, дуруст (ба син).
Савоб – ростӣ, дурустӣ (ба сод).
Даргузорӣ – афв, бахшиш.
Явмулҳисоб – рӯзи ҳисоб, қиёмат.
Адаб кардан – танбеҳ додан, ҷазо додан.
Буссад – марҷон.
Мустаъидд – қобил; сазовор; омода.
Дад – ҳайвони даранда.

пешина
аз 328
навбатӣ