Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мақсуд аз ин миёна агар ҳукнаи дил аст,
Аввалқадам зи ақли фузул аст эҳтимо!

ҲАКИМ БАР АҚИБИ НОСИРУДДИН
БА «МАНСУРИЯ» РАФТ, ӮРО БА БАЗМГОҲ РОҲ
НАДОДАНД, ИН ҚИТЪАРО СУРУДА, БОР ХОСТ

Эй хасми ту пасту қадр воло
В-эй ақли ту пиру бахт барно;

Эй карда ба хидматиҳумоюн-т,
Ҳафт ахтару нуҳ фалак тавалло;

Эй пор кушода банди имсол
В-имрӯз бидида нақши фардо;

Ҳамдасти ту дастгоҳи рӯзӣ,
Ҳампои ту пойгоҳи боло;

Ройи ту, ки кисвати кавокиб
Бар чарх кунанд аз ӯ мутарро;

Мулке чу Банотро кашидаст
Дар силки низом чун Сурайё;

Оне, ки гар осмон кунад даст
Бо кини ту дар камар чу аъдо,

Бикшояд рӯзи интиқомат
Банди камар аз миёни Ҷавзо.

Ман банда, ба одате, ки рафтаст,
Рафтам ба дари сарои воло,

Гуфтанд, ки «Ту хабар надорӣ,
К-он кӯҳи виқор шуд ба саҳро?!

Эй зарра, ба бор рафт хуршед
В-эй қатра, ба кӯшк рафт дарё!»

Ҳуқна – тоза кардан.
Эҳтимо – парҳез.
Мансурия – мадрасае дар шаҳри Тӯс.
Кисват – либос, пӯшиш.
Мутарро – ботароват, мусаффо.
Банот – ишора ба Ҳафтдодарон.
Ҷавзо – бурҷи осмонӣ ба сурати марди барпои шамшербадаст.

пешина
аз 328
навбатӣ