Мунтахаби девон

ҚИТЪА
ДАР ТАЪРИФИ ИЛМ ВА ШАЪНИ ОН
Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино
Буд аз нури маърифат бино.
Сояи офтоби ҳикмати ӯ
Ёфт аз машриқи «ва лав шиъно».
Ҷони мӯсосифоти ӯ равшан,
Ба таҷаллию шахси ӯ Сино.
Эй сафеҳи фақеҳном, ту кай
Бозёбӣ зумуррад аз мино?
Дар таки чоҳи ҷаҳл чун монӣ,
Масканат рӯҳи қудс, мискино!
МАВЪИЗА ДАР РАФЪИ АМАЛ
Назди табиби ақли муборакқадам шудам,
Ҳоли мизоҷи хеш бигуфтам камоҷаро.
Дилро чу аз уфунати ахлоти орзӯ
Маҳмум диду суръати набзам бар он гуво,
Гуфто: «Бадан зи фазлаи омол мумталист,
Суъ-ул-мизоҷи ҳирс асар карда дар қуво.
Бешак, бувад муваллиди табларзаи ниёз
Номунҳазим ғизои амал бар сари ғизо.
Эй дил, ба авни мусҳили суқмуниёи сабр, 910 Вақт аст, агар ба танқия кӯшӣ зи имтило!
Камоҷаро – чунон ки аз сар гузашт.
Маҳмум – -тасфида.
Фазла – ғизои ҳазмнашуда.
Мумталӣ – пур.
Номунҳазим – ҳазмнашуда.
Авн – мадад, ёрӣ.
Мусҳил – давои исҳолкунанда.
Сақмуниё – шираи решаи гиёҳе, ки барои табобати меъда истифода мешавад.
Танқия – пок кардан, минҷумла, баданро тавассути доруҳо.
Имтило – пурии меъда аз ғизо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо