Мунтахаби девон

Гуфтам: ғамат бикуштам, гуфто: чи заҳра дорад,
Ғам он қадар надонад, к-охир, ту они моӣ!
Алҳақ, ҷавоби шофӣ, инак, чунин-т хоҳам:
Додӣ ба як ҳадисам аз дасти ғам раҳоӣ!..
На, барги ин надорам, ҳон, хайр ме чи гӯӣ,
Не, дасти он надорӣ, ҳин, зуд ме чи поӣ?
Гар Анварӣ набошад, кам гир тирарӯзӣ,
Ту кори хеш мекун, эй ҷону рӯшноӣ!
Эй хубтар зи хубӣ, некӯтар аз накӯӣ,
Бадхӯ чаро шудастӣ, охир, маро нагӯӣ?
Дар некуӣ тамомӣ, дар бадхуӣ бағоят,
Ё Раб, чи чашмзахм аст хубӣ-тро накӯӣ?
Гаҳ дӯстӣ намоӣ, гаҳ душманӣ физоӣ,
Бегонаошноӣ, бадхӯй хубрӯӣ!
Гирам, ки баргирифтӣ, дасти иноят аз ман,
Ҳар соате ба хунам дасти ҷафо чи шӯӣ?
Ҷурмам ниҳию гӯӣ, дорам ҳазори дигар,
Эй зудсер, дер аст, то ту баҳонаҷӯӣ!
Қурта бикшою замоне бинишин, беш магӯй,
Рӯй бинмой, ки имрӯз чунин дорад рӯй.
Дари узру гиреҳи мӯй бибанду бикушой,
Ки пазирои гиреҳ шуд танам аз мӯя чу мӯй.
Эй шуда пои дилам обила дар ҷустани ту,
Чун ба даст омадиам, дил бинеҳу ҷуст маҷӯй.
Санги ишқи ту чу бишкаст сабӯи дили ман,
Боз бояд задан охир ба ҳам ин сангу сабӯй.
Анварӣ пой нахоҳад зи гили ишқи ту шуст,
Гар ту з-ӯ даст бишӯӣ, чи кунам, даст бишӯй!
Қурта – курта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо