Мунтахаби девон

Ноз аз андоза берун мекунӣ
В-аз ҷигархӯрдан дилам хун мекунӣ.
Ҳарчи ман аз саркашӣ кам мекунам,
Дар кулаҳдорӣ ту афзун мекунӣ.
Моҳи рухсорат на бас дар меғи ҳаҷр,
Низ бо ин ҷаври гардун мекунӣ.
Чун ба як навъ аз ҷафо тан дардиҳем,
Тоза сад навъи дигаргун мекунӣ.
Ин-т дасте, к-андар ин бозӣ турост,
Нек хор аз пой берун мекунӣ.
Ҳар замон гӯӣ, ки ман нек оварам,
Ин сухан, боре бигӯ, чун мекунӣ?
Дар ҳисоби Анварӣ ҳаргиз набуд,
К-аз ту ин ояд, ки акнун мекунӣ!
Эй ҳама чобукию зебоӣ,
Инчунин аз куҷо ҳамеоӣ?
Чун маҳи чордаҳ ба некӯӣ,
Чун бути озарӣ ба зебоӣ.
Маҳ нахонам туро,маозаллаҳ,
Маҳ ниҳонаст, то ба пайдоӣ!
Моҳ сарду тар асту рангомез,
Шабдаву беқарору ҳарҷоӣ,
Кай тавон карданат ҳаме монанд,
Ки ту хуршеди оламороӣ!
Хаҳ, марҳабову аҳло, охир, ту худ куҷоӣ,
Аҳволи мо напурсӣ, наздики мо наоӣ.
Мо худ намешавемат дар рӯй агар на охир,
Саҳл аст ин, ки гаҳ-гаҳ рӯе ба мо намоӣ.
Бе хурда рост хоҳӣ, гарчи хушат наояд,
Бадхӯй хубрӯӣ, бегонаошноӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо