Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонаи сабри дилам, к-аз ғами ту гашт хароб,
З-он лаби лаъли шакарбори худ обод кунӣ.

Хоки пои туаму з-оташи савдой маро
Барзанӣ обу ҳама андӯҳ барбод кунӣ.

Охират шарм наояд, ки ҳама умр маро,
Ваъдаи дод диҳию ҳама бедод кунӣ.

Шуд фаромӯш маро роҳи саломат зи ғамат,
Чи шавад, гар ба саломе дили ман шод кунӣ?!


Охир, эй ҷони ҷаҳон, бо ман ҷафо то кай кунӣ?
Дасти аҳд аз домани суҳбат раҳо то кай кунӣ?

Чун ба ҷуз ҷавру ҷафо коре надорӣ рӯзу шаб,
Пас, маро беғораи меҳру вафо то кай кунӣ?

Бохтам дар нарди ишқат ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Чун ҳама дарбохтам, бо ман дағо то кай кунӣ?

Чун кулоҳи хоҷагӣ якбора бинҳодам зи сар,
Ҷони ман, пероҳани сабрам қабо то кай кунӣ?

Аз вафои Анварӣ чун рӯй гардонидаӣ,
Шарм дор аз рӯи ӯ, охир, ҷафо то кай кунӣ?


Аз ман, эй ҷон, рӯй пинҳон мекунӣ,
То ҷаҳон бар ман чу зиндон мекунӣ.

Ошкоро гашт розам, то зи ман
Хандаи дуздида пинҳон мекунӣ.

Хуни дилҳои азизон рехтан
Гарчи душвор аст, осон мекунӣ.

Заҳра кай дорад бикардан ҳеҷ кас,
Он чи ту аз макру дастон мекунӣ.

Ҳар чи мумкин гардад аз ҷавру ҷафо,
Бо дили мискини ман он мекунӣ!

Беғора – таъна, маломат, сарзаниш.

пешина
аз 328
навбатӣ