Мунтахаби девон

Дилам бурдию баргаштӣ, зиҳӣ дилдори бемаънӣ,
Чи буд, охир, туро мақсуд аз ин озори бемаънӣ?
Нигор аз ин ҷафо кардам, бидон, то ман биозорам,
Раво дорӣ, ки хонандат ҷаҳоне ёри бемаънӣ?
В-агар ҷои дигар тез аст рӯзе чанд бозорат.
Машав ғарра, нигорино, бидон, бозори бемаънӣ!
Ҳамегуфтӣ, ки то умрам, туро ҳаргиз бинагзорам,
Кунун ҳайрон бимондастам аз ин гуфтори бемаънӣ!
Номи васл андар забоне афканӣ,
То диламро дар гумоне афканӣ.
Рост чун ҷон бар миён бандад дилам,
Хештанро бар кароне афканӣ.
Аз ҷаҳон он дӯст дорӣ, к-оташе
Ҳар замон андар ҷаҳоне афканӣ.
Чашмат андар тирборон-ш афканад,
Зулф чун дар ҳалқи ҷоне афканӣ.
Чун қарини шодие хоҳам шудан,
Бар сипеҳри ғам қироне афканӣ.
Гар кунам дар умр дандоне сапед,
Дар наволам устухоне афканӣ.
Подшоҳӣ, дар накӯӣ чи-т зиён,
Гар назар бар посбоне афканӣ?
Толеъе дорӣ, ки хуршедӣ шавад,
Соя гар бар осмоне афканӣ!
Ҳаҷрро гӯӣ, ки кори Анварӣ,
Бӯ, кибо ному нишоне афканӣ.
Сари он дорӣ, к-имрӯз маро шод кунӣ,
Дили мискини маро аз ғамат озод кунӣ.
Ғарра – мағрур.
Навол – насиба, баҳра, ризқ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо